- аҳл
- [اهل]а1. зан, аёл; аҳлу аёл зану фарзандон, аъзои хонавода, ҳар яке аз афроди хонадон2. мардум, халқ; бошандагон, сокинон; аҳли шаҳр сокинони шаҳр3. лоиқ, сазовор, муносиб4. тифоқ, муттафиқ; ёр аҳл аст, кор саҳл аст (зарб.)5. мансуб, мутааллиқ: аҳли ҳар пеша; аҳли адаб (адабиёт) адибон, нависандагону шоирон; аҳли байт зану фарзандон, аъзои оила, афроди хонавода; аҳли басар // аҳли басират дурандешон, одамони бофаросат, зирак, доно; аҳли башорат огоҳони ҳол, донандагони роз, маҳрамони асрор; аҳли бедод бедодгарон, золимон; аҳли бидъат эҷодкунанда ва тарафдорони унсуру қоидаҳои нав ва мухолифи дин; аҳли вафо вафодорон, соҳибони қавл; аҳли ваҳдат д. касоне, ки ба ягонагии Худо эътиқод доранд; аҳли тасаввуф, сӯфиён; аҳли ғадр хиёнатгарон, фиребгарон, маккорон; аҳли давлат а) давлатмандон, сарватдорон; б) арбоби давлат, ҳукуматдорон; аҳли дарбор дарбориён, одамони дарбор, мансубон ба дарбор; аҳли дард а) дардманд(он); б) киноя аз ошиқ(он); аҳли дил аҳли сидқу сафо; соҳибдил, ориф, донишманд; аҳли завқ соҳибони истеъдоди адабӣ, наққошӣ, мусиқӣ ва ғ. ; аҳли замона муосирон, ҳамасрон, ҳамаҳдон; аҳли иқтоъ таър. ба иқтоъ ноилшудагон, касоне, ки подшоҳ ба онҳо ба таври инъом ва мукофот замин, деҳ ва ё мулке додаст; аҳли илм олимон, касоне, ки бо илм машғуланд; аҳли имон д. мӯъминон, диндорон; аҳли иродат мухлисон ва пайравони тариқат; аҳли ирфон а) орифон, донишмандон, хирадмандон, одамони бомаърифат; б) сӯфиён; аҳли исён шӯришгарон, одамони исёнбардошта; аҳли калом суханварон, адибон; аҳли камол ба камол расидагон, аҳли фазлу дониш; аҳли карам сахиён, ҷавонмардон, одамони босаховат, кушодадаст, олиҳиммат; аҳли кимиё а) кимиёгарҳо, ононе, ки бо илми кимиё машғуланд; б) маҷ. фиребгарон, ҳилагарон, маккорон; аҳли китоб д. яҳудиён, исавиён ва мусулмонон, ки дини ҳар кадом дорои китоби муқаддас («Таврот», «Инҷил», «Забур», «Қуръон») мебошад; аҳли кор кормандон, меҳнаткашон; кордон, аз кор огоҳ; аҳли корвон корвониён, сафаркунандагон бо корвон; аҳли қалам нависандагон, адибон; аҳли қофила корвониён, ҳамсафарон; аҳли қубур мурдагон, даргузаштагон; аҳли малоҳат малеҳон, зебоён, хушрӯён, соҳибҷамолон; аҳли маънӣ соҳибони фаҳму фаросат, соҳибони маърифат; аҳли маърифат а) орифон, доноён, ҳакимон; б) сӯфиён; аҳли меҳнат аҳли кор, меҳнаткашон; аҳли мурувват ҷавонмардон, инсондӯстон; одамони олиҳиммат; аҳли назар мардумони бофаросат, одамони зирак; аҳли ниёз мӯҳтоҷон, эҳтиёҷмандон, бенавоён; аҳли оила аъзои хонавода, аъзои оила, аҳли байт; аҳли олам оламиён, ҷаҳониён; аҳли пеша ҳунармандон, косибон; аҳли риё риёкорон, қаллобон, одамони дурӯя, мунофиқ, сохтакор; аҳли роз маҳрамон, ҳамрозон, сирдонон; аҳли рой одамони донишманд, соҳибони ақлу тадбир; аҳли савдо савдогарон; машғулони кори савдо; аҳли санъат санъатварон, одамоне, ки бо санъат машғуланд; аҳли сӯҳбат мусоҳибон, ҳамсӯҳбатон; аҳли тақво порсоён, худотарсон, парҳезгорон; аҳли тамиз одамони оқил, доно, ҳушёр; аҳли тараб хушу хурсандикунандагон; вақтхушкунандагон; аҳли тариқат д. зоҳидон, сӯфиён; аҳли хилват гӯшанишинон, ибодаткунандагон; аҳли хирад оқилон, хирадмандон; аҳли хок мурдагон, даргузаштагон; аҳли ҳасад одамони бахил, бадрашк, нотавонбин; аҳли ҳирфа ҳунармандон, санъаткорон, пешаварон; аҳли ҳунар ҳунармандон; эҷодкорон; аҳли ҷамъият аъзои ҷомеа; омма, мардум; аҳли ҷаҳон ҷаҳониён, халқҳо; аҳли яқин а) одамони ҳақиқатшинос, хирадмандон, муҳаққиқон; б) д. порсоён, сӯфиён
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.